16 НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни фархундаест, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад. Дар таърихи 16 ноябри соли 1994 баъди қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли Президентии идораи давлат, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Бо шарофияти роҳбарии ин шахсияти бузури таърихӣ дар рӯзҳои мушкилтарини мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар қалбу дидаи мардуми мо шӯълаи умед ба ояндаи дурахшону босаодат ва зиндагии шоиста фурӯзон гардид.
Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини по бар сари арсаи роҳбарӣ ниҳодан ҳамчун роҳбару раҳнамо, ворису пешвои тоҷикон шинохта шуда, ташаббусу иқдомҳои башардӯстонаашон боиси дастгирии тамоми аҳли сайёра гардид.
Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ба он мусоидат кард, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои давлатдории навини тоҷикон бо гузашти зиёда аз ҳазор сол таҳкиму устувор гашта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба узвияти як қатор созмонҳо ва ташкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ пазируфтанд. Имрӯз мо ҳама шоҳиди он мебошем, ки ташаббусҳои созандаи Сарвари давлатамон доир ба масъалаҳои муҳими байналмилали аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, ки ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат гардидааст.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мардуми шарифи кишвари азизамон мақоми хосса дорад, зеро таҷлили пуршукӯҳи ин санаи арзишманд моро водор месозад, ки бо самимияту эҳтироми хосса арҷгузориҳои худро дар ин рӯз ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоӣикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намоем.
Бо иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, оромиву субот, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад.
Раиси суди ноҳияи Ванҷ Асозода Д.М.
Суди ноҳияи Ванҷ 