ИСТИҚЛОЛ НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Дар таърихи ҳар як миллат рӯзҳои нек ва хотирмон мавҷуд аст, ки он рӯзҳо дар сарнавишти миллат мақоми арзанда доранд. Яке аз ҳамин рӯзҳо рӯзи истиқлолият аст, ки дар таърих ҳамчун шабеҳи озодии миллат ва давлат ёдовар мешавад. Дар таърихи давлатдории миллати тоҷик низ истиқлолият бузургтарин дастоварди бебадал ва муҳимтарин муҳимоти давлату миллат ба шумор меравад. Барҳақ истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сиву чор сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш 9 — уми сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 — уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қабул гардид.

Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яка муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик ба шумор меравад, ки пас аз 1000 соли бедавлатӣ ба он ноил гардид. Истиқлолият аслан яке аз рукнҳои муҳими ҳастии миллат ва давлат аст, ки роҳи ояндаи  миллатро дар ҳама соҳаҳо муайян мекунад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки миллати тоқик дар ин масир чи роҳи шебу фароз ва мудҳишеро тай намудааст. Аммо ба бахти  миллат дар чунин лаҳзаҳои гарону сахт шиҳоби нур марзи муқаддаси тоҷик ва дили фарзандони умедворашро гармӣ бахшид. Фарзанди фарзонаи миллат, ҷонсупурдаи роҳи адолат, ватандори асил дар чунин лаҳзаҳои сангини тақдирсоз бори миллати азияткашидаи хеш ва меҳани дардманду афгорашро ба дӯш гирифт.

Нахуст роҳҳоро кушод, минтақаҳои ҷудогонаи кишварро пайвастагӣ бахшид. Раводиди минтақаҳо оғоз гардид. Иттиҳоди ягонаи миллиро эҷод бахшид.

Иқтисоди бозаргонӣ дар рӯзгори аҳолӣ марҳилаи нави созгорӣ ва ҳамбастагиро эҳё намуд. Худшиносии миллӣ, ҳисси ватандорӣ, бедории шуури ҷомеа марҳилаи навинро оғоз намуд, ба сӯи ваҳдати кулл ва истиқлоли умум. Маҳз ваҳдат сулҳу суботро дар ҷомеа таъмин намуда, заминаҳои боэътиборро баҳри рушди ҳамаҷонибаи хоҷагии халқи мамлакат муҳайё кард.

Тавлиди фазои ягонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати умумиро роҳандозӣ намуд ва ин падида истиқлолияти давлатиро бабор овард. Соҳибистиқлолии кишвар барои рушди тамоми соҳаҳо шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам овард. Сарвари давлат дар ин майдони дастоварди бузурги миллат офтобест, ки ҳамеша нури умедбахшашро баҳри ҳидояти он сӯи қуллаи мурод равон медорад.

Он рӯзи нек ҳеҷ вақт аз лавҳи хотири хурду бузурги миллати тоҷик дур нахоҳад шуд.  Ин рӯз рӯзи ормонҳо, рӯзи анҷоми нокомиҳо, рӯзи пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот  аст, ки дар таърих ҳамеша боқӣ мемонад. Бастани паймони сулҳи тоҷикон навиди фараҳбахшу гуворое буд, ки миллатро аз парокандагиву дар ба дарӣ раҳоӣ бахшид. Ин рӯз бо ҷонбозиҳои бемисли фарзанди ҷонсупори миллат раҳнаварди роҳи адолат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст омад ва дар пайомади он ҳазорҳо тоҷикони овораву сарсон ба Ватан баргаштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора бамаврид чунин иброз доштанд, ки: » Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватан мебошад».

Ба истиқлолият расидани ҳар миллат ҳанӯз кам аст, онро муҳофизат ва пуштибонӣ бояд намуд. Бузургии миллати тоҷик дар он аст, ки дар зарфи ҳазорсолаҳо фарҳангу забони худро аз даст надод, ҳифз намуд ва ҳеҷ гоҳ барои тамаъ ба сари халқи дигаре шамшер накашидааст.

Дастовардҳои халқи тоҷик дар айёми истиқлолият басо бешуморанд. Имрӯзҳо ҳам дар соҳаи иқтисоду кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон ва ҳам дар соҳаи фарҳангу варзиш як қатор пешравиҳо ба назар мерасад. Дар баробари ин ҳамасола сохтани биноҳои мактабҳои наву замонавӣ ва марказҳои саломатӣ, инчунин иншоотҳои басо муҳим  ба монанди  неругоҳҳои барқи обӣ, роҳу пулҳо ва дигар муассисаҳо бунёду азнавсозӣ мешаванд, ки ин аз пешравии кишвар дар самтҳои гуногун мужда медиҳад.

Барои пойдор ва устувор нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳои яздонӣ ба мо лозим аст, ки анъанаҳои беҳтарини гузаштагони худ — Спитамену Деваштич, Абумуслиму Муқаннаъ, Восеъ ва даҳҳо ҳазор дигар ватандӯстонро, ки бар зидди душманони ғаддор мубориза бурдаанд давом диҳем. Барои рушду нумӯ ва гул — гулшукуфонии Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин диёри пурганҷамон саҳмгузор бошем.

 

Ҳасанов Айниддин Мазҳаридинович   —    котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ванҷ