Маҷлисҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ
Санаи 21 майи соли 2025 дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 — и ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси сайёри судӣ гузаронида шуд.
Аз ҷониби раиси суди ноҳияи Ванҷи ВМКБ Асозода Дилноза Меҳроб 4 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар маҷлиси сайёри судӣ баррасӣ гардиданд.
Дар рафти муҳокимаи судӣ муайян гардид, ки волидайн дар иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар таълиму тарбияи кӯдак беаҳамиятӣ зоҳир намуда, ки ҳамаи ин ба чунин оқибатҳо оварда расонидааст. Судя нисбати ҳар як ҳуқуқвайронкунанда дар доираи талаботи қонун ҷазо таъин намуд.
Мақсади асосии гузаронидани маҷлисҳои сайёри судӣ дар муассисаҳои таълимӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси масъулияти падару модарон ва омӯзгорон оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар таълиму тарбияи кӯдак ва дар оянда пешгирии чунин қонунвайронкуниҳо мебошад.
Баъди баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии зикргардида судя бо омӯзгорону, хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур ва инчунин волидайни онҳо сӯҳбат гузаронида, зимни баромадаш қайд намуд, ки иҷрои ӯҳдадориҳо дар таълиму тарбияи кӯдак талаботи ҳонунгузорӣ буда, ба таври дахлдор иҷро накардани он аз ҷониби падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегардад.