Нақши ҷавонони даврони Истиқлолият дар хизмати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991, нақши ҷавонон дар рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомии кишвар аҳамияти хоса пайдо кард. Яке аз муҳимтарин бахшҳои масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстонаи ҷавонон – иштироки фаъолона дар хизмати ҳарбӣ мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ – мактаби мардонагӣ буда, ҷавонони даврони истиқлолият бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати сарбаландона мекунанд. Ин на танҳо иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, балки як роҳи таҳкими ҷаҳонбинӣ, обутоби ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон маҳсуб мешавад.
Ҷавонони даврони истиқлолият дар фазои сулҳ, амният ва рушд ба воя расидаанд. Онҳо бо ғояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ ошно ҳастанд, Истиқлолият ва сулҳу суботро қадр мекунанд ва омодаанд барои ҳимояи марзу буми кишвар ҷони худро нисор кунанд. Ҷавонони даврони Истиқлолият дар маъракаҳои даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ҳар сол ҳазорҳо ҷавонписарони тоҷик, ихтиёран ва ё бар асоси даъвати давлатӣ, ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд. Дурнамои хуби хизматӣ ҳарбӣ, имтиёзҳои пас аз хизмат, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва иштироки мақомоти дахлдор дар корҳои фаҳмондадиҳӣ боис гардидааст, ки шумораи хоҳишмандон афзояд.
Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон – нерӯи созанда ва ҳимоятгари ояндаи давлатанд. Барномаву стратегияҳои миллии дастгирии ҷавонон, аз ҷумла “Стратегияи миллии рушди ҷавонон дар Тоҷикистон” солҳои (2021-2030) ва дигар тадбирҳо барои тарбияи маънавии ҷавонон мусоидат мекунанд. Артиши миллӣ сипари боэътимоди истиқлол буда, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони Истиқлолият ташкил ёфтаанд, имрӯза дар ҳимояи манфиатҳои давлат нақши калидӣ доранд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ ҳамроҳ аст, нақши ҷавонон ҳамчун сутуни муҳими ҷомеа ва неруи стратегии давлатдории миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҷавононе, ки имрӯз ба сафи он мепайванданд, насли ҷасур, қавиирода, меҳанпараст, худшинос ва соҳибмаърифатанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти миллии худро ба даст овард, ҷавонон ҳамчун насли наврас ва умедбахши ҷомеа, дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла хизмати ҳарбӣ, мавқеи марказӣ касб намудаанд.
Яке аз хусусиятҳои хоси ҷавонони даврони истиқлолият дар он аст, ки ҷаҳонбинии онҳо дар фазои сулҳ, давлатдории миллӣ ва худшиносии фарҳангӣ ташаккул ёфтааст. Онҳо дар муқоиса бо наслҳои қаблӣ: ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ доранд, бо технологияҳои иттилоотии ҷаҳони муосир шиносанд ва иштироки худро дар хизмати ҳарбӣ на ҳамчун маҷбурият, балки ҳамчун ифтихори миллӣ мебинанд.
Хулоса ҷавонони даврони истиқлолияти давлатӣ имрӯз яке, аз неруҳои асосии муҳофизи давлат ва миллат мебошанд. Онҳо бо масъулияти баланд хизмати ҳарбиро анҷом дода, собит месозанд, ки фардои кишвар дар дасти фарзандони содиқи он – ҷавонони ватандӯст ва далер аст.
Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҳасанов Айниддин Мазҳаридинович.