ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ПОЯИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ
Истиқлол на танҳо рукни давлатдорӣ, балки ойинаест, ки дар он шахсият, фарҳанг ва маънавиёти миллат таҷассум меёбад. Ҳар қадам дар роҳи худшиносӣ ва худсозӣ хиште дар пояи истиқлол аст. Миллате, ки маърифату хирадро арҷ мегузорад, истиқлоли худро аз ҳар гуна хатар ҳифз хоҳад кард. Истиқлол ба он миллат тааллуқ дорад, ки на танҳо соҳибихтиёр аст, балки соҳибмаърифат ва соҳибандеша низ ҳаст.
Бузургтарин ҷашни истиқлол дар қалби он миллатест, ки ҳар рӯз бо меҳнат, дониш ва андешаи ноб пояҳои давлаташро устувор месозад.
Соҳибистиқлолӣ танҳо он гоҳ воқеият дорад, ки мардум гирди андеша ва ормонҳои миллӣ сарҷамъ бошанд. Таърих низ борҳо нишон додааст, ки заъиф шудани андешаи миллӣ боиси шикаст ва маҳрумияти миллат мегардад. Нобудшавии миллат пеш аз ҳама аз суст шудани ҳувияти фикрӣ ва фарҳангии он оғоз мешавад.
Гарчанде кишвар ба бӯҳрону низоъҳои сангин гирифтор шуд ва зарбаҳои идеологию фарҳангӣ зиёд буданд, тафаккури миллӣ боз ба роҳи худ баргашт ва неру гирифт. Ин раванд беш аз ҳама ба шарофати иродаи матини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Бо роҳбарии дурусти ин бузургмард тавонистем андешаи миллиро аз ҳар гуна таҳдид ҳифз кунем.
Таърих бо ибораи “оқибатҳои ҷаҳл” мардуми моро аз таҷрибаи талх огоҳ сохт. Ҳамин сабақ аст, ки арзиши маърифат ва хирад барои ҷомеа равшан мегардад. Миллате, ки киштии давлаташро бо ҳикмату хирад ба пеш мебарад, бешубҳа ба соҳили истиқлол мерасад. Дар он соҳил амният, оромӣ, орзуҳо ва рифоҳи мардум интизор аст.
Чӣ қадар зебост сухани фарзонагон, ки мегӯянд: «Хирад ва ҳикмат меваи ҷовидонӣ доранд. Онҳо на ба як қавму марз, балки ба кулли башар хидмат мекунанд».
Таърих гувоҳ аст, ки миллатҳо бо фарзонагони маърифатпарвару маорифандӯз ва хирадмеҳвари худ дар хотири ҷаҳон зинда мемонанд. Зеро онҳо бар ҷаҳолат қиём карда, торикиро бо чароғи дониш рӯшан сохтанд. Чунонки мегӯянд: «ман ба рағми тирагӣ рӯшан кунам андешаро».
Имрӯз дар асри рақобатҳои иттилоотӣ ва бархӯрдҳои фарҳангӣ ҳифзи истиқлол аз ҳарвақта дида муҳимтар аст. Ин кор танҳо бо ҳувияти миллӣ, тафаккури давлатсозӣ ва посдории суннатҳои решадори таърихӣ имконпазир мебошад.
Ба андешаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолиятро баъди ҳазор сол ба даст овардем, аммо ҳифз ва пойдории он заҳмату талоши доимӣ мехоҳад. Барои ин бояд моҳияти истиқлолро дуруст дарк кунем: рӯзҳои вазнин ва фоҷиабори таърихиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардан ва донистани он ки истиқлол танҳо дар заминаи андеша ва ғояи миллӣ пойдор мемонад. Ҳатто агар даҳ соли аввали истиқлол бо ҷанг ва низоъ сипарӣ шуд, бо вуҷуди ин Тоҷикистон тавонист аз имтиҳонҳои сангин бигзарад, пояи давлатро устувор созад ва роҳи пешрафтро идома диҳад. То имрӯз марҳилаи тараққиёти Тоҷикистони навин оғоз ёфта, кишвар дар ин муддат ба пешрафтҳои бесобиқа ноил гардид.
Маънои ҳақиқии соҳибихтиёрӣ танҳо дар истиқлоли сиёсӣ ё иқтисодӣ маҳдуд намешавад. Он пеш аз ҳама истиқлоли андеша ва хирадро дар бар мегирад. Маҳз чунин истиқлол моро водор месозад, ки дар иҷрои кори худ содиқ бошем, мероси аслии миллиро ҳифз кунем, дар илм навоварӣ оварем, дар маориф таҳаввулот ба амал оварем ва дар роҳи касби худ бо масъулияти бузург талош намоем.
Ҳақиқати зиндагии соҳибистиқлолӣ дар амалҳои хурду бузург таҷассум меёбад: субҳ пеш аз тулӯи офтоб бедор шудан, як соат бо фарзанд дар канори китоб нишастан, аз илму фан баҳра гирифтан, дар касб ба зинаҳои баланди ифтихор расидан, андешаи нобу нақшаи тоза пешниҳод кардан. Ин ҳама арзишҳо поя ва решаи ҳақиқии истиқлоли давлатиро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тавр, зиндагӣ дар рӯшноии андешаи миллӣ маънои дар фазои хирад ва худшиносиро дорад. Ва миллати соҳибхирад ҳаргиз истиқлоли худро аз даст нахоҳад дод, зеро он дар қалбҳо реша давонда, ба наслҳои оянда чун ганҷи бузург мерос мемонад.
Пирумшозода Бахтиёр- судяи суди ноҳияи Ванҷ