ҶАШНИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Санаи 23 октябри соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳстони Бадахшон Амирбекзода Ҳ.Р., Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Ф.Т., раисону судяҳо, кормандон ва собиқадорони судҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иштирок намуданд.  Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳстони Бадахшон Амирбекзода Ҳ.Р. ҳозиринро аз номи бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолияти пурмасъулу пуршарафи кориашон бурдбориву комёбиҳоро таманно намуданд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур собиқадорон ва кормандони мақомоти судӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ  ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Котиби суди ноҳияи Ванҷ Искандаров Шуҳрат Хушвахтович бо ифтихорномаи Раиси Суди ВМКБ сарфароз гардид.