«ИНСОН МОЛ НЕСТ: МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ САВДОИ ОДАМОН»

 

 

Дар ҷаҳони муосир, ки технология ва пешрафт бо суръати баланд рушд мекунад, ҳанӯз ҳам як падидаи даҳшатнок вуҷуд дорад, ки инсониятро шармсор месозад – савдои одамон. Ин ҷинояти махсусан вазнин на танҳо ҳуқуқи инсонро поймол мекунад, балки тақдири ҳазорон нафарро ба торикӣ мебарад.

Савдои одамон – ин ҷалб, интиқол, пинҳон кардан ё қабул намудани инсон бо роҳи зӯроварӣ, таҳдид ё фиреб бо мақсади истисмор мебошад. Вуҷуд доштани савдои одамон ҳамчун як ҷинояти ваҳшиёна, ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад.

Сабабҳои паҳншавии савдои одамон гуногунанд: бекорӣ, камбизоатӣ, сатҳи пасти маърифат, муҳоҷирати меҳнатӣ ва норасоии маълумоти ҳуқуқӣ. Маҳз ин омилҳо одамонро осебпазир месозанд ва онҳоро ба доми гурӯҳҳои ҷинояткор меандозанд.

Савдои одамон ин танҳо фурӯш ё хариди инсон нест. Ин як занҷираи беадолатӣ аст, ки одамонро ба ғуломӣ, меҳнати иҷборӣ, фоҳишагӣ, истифодаи кӯдакон дар корҳои вазнин ва ҳатто хариду фурӯши аъзои инсон,  ва дигар шаклҳои истисмор мекашад. Қурбониён аксаран бо ваъдаҳои бардурӯғ – кори хуб, зиндагии беҳтар ё муҳоҷират – фиреб дода мешаванд. Вале вақте онҳо ба дом меафтанд, роҳи бозгашт барои бисёриҳо хеле душвор мешавад.

Аз ҳама аламовар он аст, ки қурбониёни ин ҷиноят бештар ҷавонон, занон ва ҳатто кӯдакон мебошанд. Онҳо орзу доштанд, ки зиндагии хуб дошта бошанд, вале ба ҷои он ба як ҷаҳони пур аз зӯроварӣ ва ноумедӣ меафтанд. Бисёри онҳо наметавонанд овоз бароранд, чун тарс ва таҳдид онҳоро хомӯш мекунад.

Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, ҳар сол миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон қурбонии савдои одамон мегарданд, ки аксари онҳо занон ва кӯдаконанд. Масалан, як ҷавондухтари оддӣ метавонад ба ваъдаи кори сердаромад ба хориҷи кишвар равад, вале дар онҷо шиносномаашро гирифта, ӯро маҷбур месозанд, ки ба корҳои номатлуб ва ғайриахлоқӣ машғул шавад. Ин гуна ҳолатҳо, мутаассифона, воқеияти талхи ҷомеаи имрӯз аст.

Савдои одамон танҳо мушкилии як давлат нест – ин масъалаи умумиҷаҳонӣ аст. Барои мубориза бо он, ҳамкории байни давлатҳо, ташкилотҳо ва ҷомеа хеле муҳим аст. Огоҳии мардум низ нақши калон дорад. Ҳар як шахс бояд донад, ки чӣ гуна фиребҳоро шиносад ва худро муҳофизат кунад.

Мо бояд бетараф набошем. Агар мо чашм пӯшем ин ҷиноят идома меёбад. Ҳар як сухан, ҳар як огоҳӣ ва ҳар як кӯмак метавонад ҷони инсонеро наҷот диҳад. Ин масъулияти ҳар яки мост, ки барои адолат ва ҳифзи шаъну шарафи инсон мубориза барем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, ки савдои одамон яке аз таҳдидҳои ҷиддии замони муосир мебошад ва барои решакан кардани савдои одамон, на танҳо қонунгузорӣ, балки маърифати баланд, ҳамкории байналмилалӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд зарур аст.

Хулоса мо бояд дар хотир дошта бошем, ки инсон мол нест. Ӯ арзиш, ҳуқуқ ва озодӣ дорад. Савдои одамон — ин хилофи инсоният аст ва мубориза бо он, на танҳо вазифаи ҳукумат, балки вазифаи ҷонии ҳар яки мост.

 

 

Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ҳасанов Айниддин Мазҳаридинович.