ДАВИ МИЛЛӢ – РАМЗИ САЛОМАТӢ ВА ВАҲДАТИ ҶОМЕА



Дави миллӣ яке аз чорабиниҳои муҳими варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар сол ҳазорҳо нафар сокинони кишвар – хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён, варзишгарон ва кормандони касбу кори гуногун дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок мекунанд. Бо ташабббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар соҳаи варзиш рушд намуда, чорабиниҳои оммавии варзишӣ, аз ҷумла Дави миллӣ, ҳар сол дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Пешвои миллат варзишро яке аз омилҳои муҳими солимии ҷомеа ва тарбияи ҷавонон мешуморанд. Бо ҳамин мақсад дар тамоми гӯшаҳои мамлакат майдончаҳои варзишӣ, толорҳо ва иншоотҳои муосир сохта шудаанд. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, №225 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ маъракаи умумимиллии дав барои солимӣ ва оммавигардонии варзиш баргузор карда мешавад.
Дар робита бо он санаи 17 майи соли 2026 дар маркази ноҳияи Ванҷ иштироки раиси ноҳияи Ванҷ, раиси суди ноҳияи Ванҷ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, кормандони дастгоҳи суд, хонандагони муассисаҳои мактабӣ, ҷавонон ва кормандони касбу кори гуногуни ташкилоту муассисаҳо Дави миллӣ дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Ҳадафи асосии Дави миллӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва муттаҳид намудани мардум мебошад.
Искандаров Шуҳрат Хушвахтович Котиби суди ноҳияи Ванҷ
Суди ноҳияи Ванҷ 