«ҶАВОНОН- НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ»

 

Ҷавонон ҳамеша қувваи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҳар давлату миллате, ки ба ҷавонони худ эътибор медиҳад, ояндаи дурахшон дорад. Зеро маҳз ҷавонон метавонанд бо дониш, заковат, неруи ҷисмонӣ ва ҷаҳонбинии нав ҷомеаро ба сӯи пешрафт баранд. Имрӯз ҷавонон на танҳо идомадиҳандаи роҳи насли калонсолон, балкӣ бунёдгузори фардои миллат мебошанд.

Дар замони муосир ҷаҳон бо суръат тағйир меёбад. Технология, илм ва фарҳанг рӯз ба рӯз рушд мекунад. Барои ҳамқадам будан бо чунин пешрафт, ҷавонон бояд донишманд, соҳибмаърифат ва ҳушёру зирак бошанд. Ҷавоне, ки илм меомӯзад, китоб мехонад ва барои рушди худ талош мекунад, метавонад барои ҷомеа шахси муфид гардад. Илм чароғест, ки роҳи инсонро равшан мекунад ва ӯро ба қуллаҳои баланд мерасонад.

Аммо танҳо дониш кофӣ нест. Ҷавонон бояд дорои ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар, дӯст доштани Ватан ва ҳисси масъулият бошанд. Ҷавоне, ки Ватани худро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ ба роҳи нодуруст намеравад. Ӯ кушиш мекунад, ки бо рафтору кирдори нек обрӯи миллаташро баланд бардорад.

Мутаассифона, имрӯз баъзе ҷавонон зери таъсири фарҳанги бегона, шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ қарор мегиранд. Ин метавонад ояндаи онҳоро вайрон созад. Аз ҳамин сабаб ҷавонон бояд зиракии сиёсӣ дошта бошанд, ҳақро аз ноҳақ фарқ карда тавонанд ва ҳар суханеро беандеша қабул накунанд. Ояндаи миллат дар дасти ҷавонони бедордилу ватандӯст аст.

Ҷавонон инчунин бояд ба варзиш, ҳунаромӯзӣ ва корҳои созанда шавқ дошта бошанд. Варзиш инсонро қавӣ ва солим мегардонад, ҳунар бошад шахсро соҳибкасб мекунад. Миллате, ки ҷавонони солим ва донишманд дорад, ҳеҷ гоҳ мағлуб намешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои мо ҷавонон бисёр суханони пурмазмун ва таъсирбахш гуфтаанд: аз қабили “Ҷавонон ояндаи миллат ва давлат мебошанд”, “Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем”, “Ҷавонони донишманду соҳибмаърифат қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд”, “Ояндаи Тоҷикистон аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобастааст”, “Ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва Ватани худро дӯст доранд”, “Илму дониш муҳимтарин воситаи пешрафти ҷомеа ва ободии давлат аст” ва “Ҷавонон бояд ба қадри сулҳу субот расанд ва барои ҳифзи он кӯшиш намоянд”.

Хулоса, ҷавонон ганҷи бебаҳои миллатанд. Агар онҳо бо илму маърифат, ахлоқи нек ва муҳаббати Ватан зиндагӣ кунанд, ҷомеа рушд мекунад ва давлат пеш меравад. Ҳар ҷавон бояд дарк намояд, ки ӯ масъули ояндаи миллат аст ва бо амалу рафтори худ метавонад номи неке дар ҷомеа гузорад.

 

 

Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ванҷи

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон                                           Ҳасанов Айниддин Мазҳаридинович.