НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ  ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

 

Ҷаҳони имрӯз пур аз тағйирот ва мухолифатҳо аст. Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон ҷангҳо, низоъҳои сиёсӣ, ифротгароӣ ва рақобатҳои геополитикӣ идома доранд. Дар чунин шароит ваҳдати миллӣ барои ҳар давлат аҳамияти бузург дорад. Барои Тоҷикистон Ваҳдат яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошад. Маҳз Ваҳдат ба кишвари мо сулҳу оромӣ ва имкони рушду пешрафт фароҳам овард.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки миллатҳои муттаҳид тавонистаанд аз мушкилоти бузург бо сарбаландӣ берун оянд. Вақте ҷомеа дар атрофи арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлатӣ ва ҳадафҳои умумӣ муттаҳид мегардад, имкони таъсиррасонии омилҳои беруна коҳиш меёбад. Ваҳдат неруи маънавиест, ки мардумро ба ҳам меорад ва онҳоро барои ҳифзи истиқлол, амният ва рушди давлат сафарбар месозад.

Имрӯз Тоҷикистон дар шароите қарор дорад, ки ҳифзи суботи сиёсӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Танҳо тавассути Ваҳдат метавон ба таҳдидҳои замони муосир муқовимат намуд ва барои рушди устувори кишвар шароити мусоид фароҳам овард.

Яке аз рукнҳои муҳими Ваҳдати миллӣ ҳифзи хотираи таърихӣ мебошад. Миллате, ки гузаштаи худро эҳтиром мекунад, метавонад ояндаи худро боэътимод бунёд намояд. Таърихи пурифтихори тоҷикон саршор аз намунаҳои давлатдорӣ, фарҳангпарварӣ ва илму маърифат аст. Омӯзиши мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ба таҳкими худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат мекунад.

Дар ҷаҳони муосир, ки баъзан кӯшишҳои таҳрифи таърих ва коста кардани арзишҳои миллӣ ба назар мерасанд, ҳифзи ҳақиқати таърихӣ вазифаи муҳими ҷомеа мебошад. Насли ҷавон бояд аз таърихи миллат огоҳ бошад ва ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорад.

Дар асри XXI пешрафти давлатҳо бештар ба сатҳи рушди илму фанноварӣ вобаста аст. Ҷомеае, ки ба дониш ва навоварӣ такя мекунад, метавонад дар рақобати ҷаҳонӣ мавқеи устувор касб намояд. Аз ин рӯ, рушди маориф, илм, технология ва иқтисодиёти рақамӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Ҷавонони тоҷик бояд бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардида, дар рушди илм ва технология саҳм гузоранд. Ваҳдат ва субот шароити заруриро барои пешрафти илм, таҳқиқот ва татбиқи дастовардҳои нав фароҳам меорад. Бе фазои ором ва боварии ҷомеа рушди воқеии илмӣ ва иқтисодӣ имконнопазир аст.

Имрӯз ҳеҷ давлат наметавонад худро аз равандҳои ҷаҳонӣ ҷудо нигоҳ дорад. Рушди технологияҳои иттилоотӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва афзоиши ҳамкориҳои байналмилалӣ аз кишварҳо тақозо менамояд, ки ҳамқадам бо ҷаҳони муосир ҳаракат кунанд.

Аммо ҳамқадам будан бо ҷаҳони муосир маънои аз даст додани арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро надорад. Баръакс, миллат бояд бо такя ба ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ аз дастовардҳои ҷаҳонӣ самаранок истифода барад. Таносуби дурусти суннат ва навоварӣ метавонад рушди устувори ҷомеаро таъмин намояд.

Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир мубориза бо ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, таассуб, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ мебошад. Ин зуҳурот метавонанд ба суботи ҷомеа ва рушди давлат таъсири манфӣ расонанд.

Роҳи муассири муқовимат ба чунин падидаҳо баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мебошад. Ваҳдат ва худшиносии миллӣ ҷомеаро аз таъсири ақидаҳои бегона ва харобкор муҳофизат мекунанд.

Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдорӣ назаррас мебошад. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандона сулҳу субот дар кишвар пойдор гардида, заминаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омад.

Пешвои миллат ҳамеша ваҳдатро ҳамчун арзиши олӣ ва кафили бақои давлат таъкид намуда, ҷавононро ба донишомӯзӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар даъват мекунанд. Ин сиёсати созанда имрӯз низ ҳамчун роҳнамои рушди Тоҷикистон хизмат менамояд.

Дар шароити кунунӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд худро масъули ҳифзи ваҳдат ва пешрафти давлат эҳсос намояд. Ободии Ватан аз меҳнати софдилона, дониш, ташаббус ва масъулиятшиносии ҳар фарди ҷомеа оғоз мегардад. Ҷавонон бояд неру ва истеъдоди худро ба корҳои созанда, рушди илм, иқтисод ва фарҳанг равона намоянд.

Ваҳдат вожаи сиёсӣ набуда, балки фарҳанги зиндагӣ ва тарзи тафаккур аст. Ҳар қадар сатҳи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва ҳамбастагӣ дар ҷомеа боло бошад, ҳамон андоза имкониятҳои рушди давлат бештар мегарданд.

Ваҳдати миллӣ дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза омили асосии ҳифзи истиқлолият, суботи сиёсӣ ва рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи хотираи таърихӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, рушди илму фанноварӣ, ҳамқадамӣ бо ҷаҳони муосир ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуби аср аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи имрӯз ба ҳисоб мераванд. Танҳо тавассути Ваҳдат, маърифат ва созандагӣ метавон Тоҷикистони пешрафта, обод ва рақобатпазирро барои наслҳои оянда бунёд намуд.

 

Пирумшозода Бахтиёр,

судяи Суди ноҳияи Ванҷ