АЗ ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАБАРИИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ТО МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Инсоният аз рӯзи шинохти тамаддунии худ ҳамеша таҳти таъсирҳои гуногуни мафкуравию сиёсӣ, динию мазҳабӣ ва идеологию маънавӣ қарор дошт. Ин омил ҳамчун механизми таъсиррасонӣ ба шуур, ахлоқ, рафтору муносибати ҷамъиятӣ қарор мегирифт. Тамоми кишварҳои ҷаҳон имрӯз дар мубориза бо даҳшатафканӣ ё ҳамон ифротгароӣ қарор гирифтаанд. Чунки бо пайдо шудани шабакаҳои интернетӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ гумроҳсозӣ ва таблиғи ақидаҳои ифротӣ дар ин майдон вусъат пайдо кард. Ин омил ба ифротгароии иттилоотӣ оварда расонд. Аз фосилаҳои дур инсонҳоро аз моҳияти аслии равандҳои ҷамъиятӣ ва динӣ канор мезананд. Дар ин замина, тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарурат пеш омадааст, ки дар муқобили ин падидаҳои номатлуб ба пешгирӣ иқдом намоянд.
Дар ин росто суди ноҳияи Ванҷ бо маорифчиён ва аҳли ҷомеа таҷрибаи хуби мурофиявии судҳои сайёрро ташкил ва баргузор намуд. Аз рӯи нақшаи пешакӣ дар ҷамоатҳо ва муассисаҳои таълимӣ вохурӣ гузаронида шуд. Моҳияти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ ба тамоми аҳли ҷомеа баррасӣ гардид. Ҳолатҳое, ки ба аломати ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят мерасонанд, ба тарзи осон фаҳмонда шуд. Масалан, тасаввур намоед, ки як нафар навори хусусияти диниро дар гурӯҳҳои Ватсап, Имо, Телеграм ё Инстаграму Фейсбук паҳн менамояд. Аммо истифодабаранда аз моҳияти динию мазҳабии он тамоман сарфаҳм намеравад. Дар сурати паҳн гардидан аудиторияи калон онро қабул менамояд. Ин ҳолат бо монанди нафаре ҳаст, ки дар хонаи худ таълими ғайрирасмии диниро ба роҳ мондааст. Фарқ надорад, ки одамонро дар назди худ ҷамъ намуд ё ба онҳо маводро фиристонд. Аллакай доирае васеъ бо ин маълумотии носанҷидаву ташхиснашуда дастрасӣ ёфт.
Зимни вохурӣ ба нуктаҳои муҳим ва омилҳое, ки сабабгори қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ мешавад, чунин таваҷҷуҳ гардид:
- Омили муҳоҷират
Мо медонем, ки шаҳрвандони мо дар муҳоҷират бисёртар фарҳанги истифодабарии интернетро риоя накарда, ба худ иҷозати ворид шудан ба ҳама сомонаҳои мамнуъ ва иртиҷоиро медиҳанд. Аз ин истифода намуда, ба наздикону дӯстон маълумот, аксу навори носанҷидаро ирсол менамоянд. Ба паҳн намудани аксу наворҳои динӣ машғул мешаванд. Аксарияти истифодабарандагон моҳияти наворҳои ирсолшударо сарфаҳм намераванд. Намедонанд, ки маводҳои онҳо метавонанд ҳам худу наздиконашонро ба гумроҳию бадбахтӣ биоранд. Падару модарон бояд фарзандони худро аз моҳияти қонунҳои кишвари мо огоҳ созанд. Баъзе таҳлилгарон бар он назаранд, ки тарс аз қонун ё ҷазои пешбинишуда дар пешгирии ин амалҳои номатлуб мусоидат менамояд. Ниҳодҳои иҷтимоӣ, оила, мактабу ҷомеа низ дар ин самт нақш гузоранд. На ин ки тарс аз қонун, балки дар рӯҳияи эҳтиром ва риояи қонунҳо ва дарки рафтори худ бояд амал намоем.
- Надонистани қонун
Дар тамоми ҷаҳон роиҷ аст, ки надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод наменамояд, ё амали зидиҳуқуқи ӯро сафед намекунад. Дар қисми 2 моддаи 42 Конститутсияи кишвар ин меъёр дарҷ гардидааст. Файласуфи Юнони Қадим Арасту дарҷ мекунад, ки ҳеҷ кас дар назди қонун низ донишманду огоҳ ҳисоб намешавад. Ё шахсе ҳангоми содир намудани ҷиноят ё даъвои гражданӣ иқрор варзад, ки ман қонунро намедонистам аз ҷавобгарӣ озод намешавад. Ё аз қонун огоҳ бошаду рафтори зидиҳуқуқии худро давом дода, талаб намояд, ки маро аз ҷавобгарӣ озод намоед. Ин ҳолат низ номумкин аст. Ҳатто ҳуқуқшиноси варзида низ тамоми қонунҳоро аз худ карда наметавонад. Лекин принсипи оммавӣ будан аст. Дилхоҳ қонун дар парламент баррасӣ мешавад. Вакилон аз номи халқ онро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Қабул, ҷонибдорӣ, бозпас ё имзо шуда, интишори расмӣ меёбад. Дар мавриди фарҳанги истифодабарии аз шабакаҳои иҷтимоӣ, мо метавонем Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро намуна орем. Ин қонун аз ҷониби коршиносон қонуни миллӣ ва мардумӣ эълон гардидааст. Дар муҳокимаи умумихалқӣ қарор гирифт. Тамоми халқи Тоҷикистони онро пурра баррасӣ ва муҳокима намуда, парлумони кишвар онро қабул намуд. Агар мантиқан назар намоем, пас, дигар зарурати надонистани қонун намемонад. Ҳамзамон, тибқи қарори Маҷлиси намояндагон лоиҳаи ин қонун дар тарҳи нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардид. Шуруъ аз худи номгузорӣ намудани лоиҳаи қонун, яъне аз «фарзанд» ба «кӯдак» табдил додани мафҳумҳои асосии қонун ва хориҷ намудани калимаҳои «падару модар» бисёр муҳим дониста мешаванд, зеро мафҳуми «фарзанд» маҳдуд буда, масъулият танҳо ба падару модар тааллуқ дорад, ҳол он ки дар татбиқи қонуни зикршуда дигар шахсон низ масъул мебошанд (масалан, омӯзгорон). Дар баробари ин, фарзанд ҳадди синнусолӣ надорад, аммо дар татбиқи қонуни зикршуда масъулияти падару модар танҳо нисбат ба фарзандони то 18 — сола, яъне кӯдак, пешбинӣ шуда буд. Зарурат пеш меояд, ки падарону модарон масъулияти худро дар назди фарзандон донанд. Назоратро дар мавриди истифодаи телефонҳои мобилии фарзандон низ пурзӯр намоянд. Имрӯз як навраси синни томактабиро, агар дар дасташ телефони мобилӣ диҳем ба тамоми ҷой ворид мешавад. Агар падару модарон дар канор истанд, даҳ сол баъд аз фарзанди онҳо як роботи фармоишӣ мемонаду тамом. Муқаддас будани оила низ аз ин ҷиҳат аст, ки волидайн оқилона истифода бурдани онро меомӯзонанд. Оиди ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид варзидаанд, ки яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ аст. Мо бояд нагузорем, ки мардум аз рӯи нофаҳмӣ ва надонистани қонун ба пушти маҳбас раванд.
- Саводи расонавӣ
Дар ҷаҳони имрӯз доштани саводи расонавӣ ё худ ҳамон фарҳанги дурусти истифодабарӣ яке аз вазифаҳои асосии шаҳрванд дар назди оила, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Интихоби мавод, ташхис ва суду зиёни он ба худи инсон вобаста аст. Дар ин замина саводи расонавӣ хеле муҳим аст. Моҳияти шабакаҳое, ки вориди онҳо мешавад, дарк намояд. Манфиатбахш ва зиёноварии маводро ҷудо карда тавонад. Имрӯз агар шахс саводи расонавӣ надошта бошад, пеш аз ҳама ба гумроҳӣ мубтало мешавад. Бояд маводҳои расмӣ ва боваринокро ташхис намояд. Зеро ки имрӯз дар муқобили як хабари рост даҳҳо хабари дурӯғин паҳн мешавад. Барои тақвияти ин ҳолат зарур аст, ки аз зинаи мактабҳои миёна ба хонандагон ин фарҳанг омузонда шавад то саводи расонавии худро баланд бардоранд.
- Маърифати ҳуқуқӣ
Имсол аз қабули қонуни асосии кишвар Конститутсия 31 сол сипарӣ мешавад. Ин санади олии ҳуқуқӣ ҳамчун заминагузори ҷомеаи ҳуқуқбунёд дар роҳи давлатсозию давлатдории миллӣ рисолати худро бомаром иҷро карда истодааст. Ба ин муносибат 30 декабри соли 2023 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат (09.03.2024) моҳияти ин солро чунин баён доштанд, ки : «Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад. Чуноне дар боло зикр намудем, маърифати ҳуқуқӣ замина мегузорад, ки моҳияти амалу кирдори худро дарк намоем. Ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром гузорем. Дар рӯҳияи мардумсолорӣ ва эҳтироми қонунҳо зиндагӣ намоем. Масъулияти худро дар назди волидон, давлат ва ҷомеа эҳсос намоем. Уҳдадориҳои худро сарбаландона иҷро намоем. Дар ин сурат ҳар шахс дар дилхоҳ фазо, ё воқеӣ ё маҷозӣ бо фарҳанги баланд муносибат менамояд. Эълони ин сол низ бо ташкили чорабиниҳои гуногуни иттилотию тарғиботӣ, вохурию мулоқотҳо бо мардум дар роҳи баланд гардидани фарҳанги истифодабарии сомонаҳои иҷтимоӣ низ такони ҷиддӣ мебахшад. Чунки аксаран бефарҳангӣ аз надоштани иттилооти ҳуқуқӣ сарчашма мегирад.
Пирумшозода Бахтиёр, судяи суди ноҳияи Ванҷ.
Суди ноҳияи Ванҷ 