Рӯзи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни фархундаест, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад. Дар таърихи 16 ноябри соли 1994 баъди қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли Президентии идораи давлат, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Хабарҳо
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. (Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) Қабули Конститутсияи Тоҷикистони
Санаи 23 октябри соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳстони Бадахшон Амирбекзода Ҳ.Р., Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Ф.Т., раисону судяҳо, кормандон ва собиқадорони судҳои шаҳру ноҳияҳои
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991, нақши ҷавонон дар рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомии кишвар аҳамияти хоса пайдо кард. Яке аз муҳимтарин бахшҳои масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстонаи ҷавонон – иштироки фаъолона дар хизмати ҳарбӣ мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ – мактаби
Дар таърихи ҳар як миллат рӯзҳои нек ва хотирмон мавҷуд аст, ки он рӯзҳо дар сарнавишти миллат мақоми арзанда доранд. Яке аз ҳамин рӯзҳо рӯзи истиқлолият аст, ки дар таърих ҳамчун шабеҳи озодии миллат ва давлат ёдовар мешавад. Дар таърихи давлатдории миллати тоҷик низ истиқлолият бузургтарин дастоварди бебадал ва муҳимтарин муҳимоти давлату миллат ба шумор […]
Истиқлол на танҳо рукни давлатдорӣ, балки ойинаест, ки дар он шахсият, фарҳанг ва маънавиёти миллат таҷассум меёбад. Ҳар қадам дар роҳи худшиносӣ ва худсозӣ хиште дар пояи истиқлол аст. Миллате, ки маърифату хирадро арҷ мегузорад, истиқлоли худро аз ҳар гуна хатар ҳифз хоҳад кард. Истиқлол ба он миллат тааллуқ дорад, ки на танҳо соҳибихтиёр аст, […]
Санаи 21 майи соли 2025 дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 — и ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси сайёри судӣ гузаронида шуд. Аз ҷониби раиси суди ноҳияи Ванҷи ВМКБ Асозода Дилноза Меҳроб 4 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба риоя накардани
Рӯзи 20 ноябри соли 2023 дар бинои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои Суди ВМКБ, суди ҳарбии гарнизони Хоруғ ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавзӯи истифодабарии сомонаҳои судҳо омӯзиши интерактивӣ баргузор гардид. Дар омӯзиш аз ҷониби мутахассисони соҳа ба ширкаткунандагон тарзи омода ва ворид намудани маълумот ба
11 марти соли 2023 дар Деҳлии Нав таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаласаи 18-уми Раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раисон, муовинон ва судяҳои судҳои олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус
Имрӯз, 24 ноябри соли 2022 дар Суди Олӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён оғоз карда, қайд намуданд, ки Парчами Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба
Суди ноҳияи Ванҷ 

