Иттилоот Хабарҳо (Page 2)

Хабарҳо

Инсоният аз рӯзи шинохти тамаддунии  худ  ҳамеша  таҳти  таъсирҳои гуногуни мафкуравию сиёсӣ, динию мазҳабӣ ва идеологию маънавӣ қарор дошт. Ин омил ҳамчун механизми таъсиррасонӣ ба шуур, ахлоқ, рафтору муносибати ҷамъиятӣ қарор мегирифт. Тамоми кишварҳои ҷаҳон  имрӯз дар мубориза бо даҳшатафканӣ ё ҳамон ифротгароӣ қарор гирифтаанд. Чунки бо пайдо шудани шабакаҳои
  Санаи 24 – уми декабри соли 2025  дар деҳаи Жамаги ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ҳафт адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳафт нафар зан барои ба роҳ мондани таълимоти ғайрирасмии динӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ бо моддаи 474 (2) қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ошкорои сайёри судӣ баррасӣ карда шуданд. Баррасии чунин категорияи […]
Парчами давлатӣ яке аз он чанд чизест, ки худи миллатро бе истифодаи ҳеҷ як ҳарф муаррифӣ карда метавонад. Онро бод ҷунбонда, ба назар танҳо матоъ менамояд, аммо дар асл китобест, ки ҳар ранг ва ҳар хати он саҳфае аз таърихи миллат, дарде аз гузашта, орзуе барои фардо ва масъулияте барои имрӯзро дар бар мегирад. “Парчам […]
Рӯзи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни фархундаест, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад. Дар таърихи 16 ноябри соли 1994 баъди қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли Президентии идораи давлат, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.  (Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) Қабули Конститутсияи Тоҷикистони
Санаи 23 октябри соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳстони Бадахшон Амирбекзода Ҳ.Р., Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Ф.Т., раисону судяҳо, кормандон ва собиқадорони судҳои шаҳру ноҳияҳои
Дар таърихи ҳар як миллат рӯзҳои нек ва хотирмон мавҷуд аст, ки он рӯзҳо дар сарнавишти миллат мақоми арзанда доранд. Яке аз ҳамин рӯзҳо рӯзи истиқлолият аст, ки дар таърих ҳамчун шабеҳи озодии миллат ва давлат ёдовар мешавад. Дар таърихи давлатдории миллати тоҷик низ истиқлолият бузургтарин дастоварди бебадал ва муҳимтарин муҳимоти давлату миллат ба шумор […]
Истиқлол на танҳо  рукни давлатдорӣ, балки ойинаест, ки дар он шахсият, фарҳанг ва маънавиёти миллат таҷассум меёбад. Ҳар қадам дар роҳи худшиносӣ ва худсозӣ хиште дар пояи истиқлол аст. Миллате, ки маърифату хирадро арҷ мегузорад, истиқлоли худро аз ҳар гуна хатар ҳифз хоҳад кард. Истиқлол ба он миллат тааллуқ дорад, ки на танҳо соҳибихтиёр аст, […]
Санаи 21 майи соли 2025 дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 —  и ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси сайёри судӣ гузаронида шуд. Аз ҷониби раиси суди ноҳияи Ванҷи ВМКБ Асозода  Дилноза Меҳроб 4 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба риоя накардани
Рӯзи 20 ноябри соли 2023 дар бинои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои Суди ВМКБ, суди ҳарбии гарнизони Хоруғ ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавзӯи истифодабарии сомонаҳои судҳо омӯзиши интерактивӣ баргузор гардид. Дар омӯзиш аз ҷониби мутахассисони соҳа ба ширкаткунандагон тарзи омода ва ворид намудани маълумот ба