“ТЕРРОРИЗМ ва ЭКСТРЕМИЗМ” – ҶАНГИ НОАЁН БАРОИ МАҒЗИ ҶАВОНОН

Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Ин падидаҳо на танҳо ба амнияти давлатҳо, балки ба суботу оромии ҷомеа, рушди иқтисодӣ ва арзишҳои инсонӣ таҳдид мекунанд.
Терроризм ин истифодаи зӯроварӣ, тарсонидан ва таҳдид бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва идеологӣ мебошад. Одатан, чунин амалҳо ба аҳолии осоишта равона мешаванд ва боиси талафоти ҷонӣ ва зарари моддӣ мегарданд.
Экстремизм бошад, пайравӣ аз ақидаҳои тундравона ва радикалӣ аст, ки арзишҳои умумии ҷомеаро инкор мекунад. На ҳама экстремизм ба терроризм мебарад, аммо бисёр вақт маҳз андешаҳои ифротӣ заминаи пайдоиши амалҳои террористиро фароҳам месозанд.
Сабабҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм ин, нобаробарии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, бекорӣ ва сатҳи пасти маърифат, таъсири таблиғоти ифротгароёна тавассути интернет, ихтилофҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Дар баъзе мавридҳо гурӯҳҳои тундрав аз номи дин ё адолат истифода бурда, ҷавононро ба сафи худ ҷалб мекунанд. Онҳо бо ваъдаи дурӯғини “адолат”, “ҳаёти беҳтар”, “ту махсус ҳастӣ”, “ту қаҳрамон мешавӣ” ва “ту ҷаҳонро тағйир медиҳӣ” гуфта, зеҳни ҷавононро тағйир дода, онҳоро ба амалиётҳои зӯроварона равона месозанд.
Терроризм ва экстремизм боиси аз байн рафтани ҷони инсонҳо, вайрон шудани инфрасохтор, коҳиши эътимоди байни миллатҳо, бад шудани вазъи иқтисодӣ, паҳн гардидани тарсу ҳарос дар ҷомеа мегарданд. Ин амалҳо на танҳо ба як давлат, балки ба тамоми минтақа таъсири манфӣ мерасонанд.
Экстремизм аз як фикри ифротӣ оғоз меёбад. Вақте шахс ё гурӯҳ танҳо ақидаи худро ҳақ мешуморад ва дигаронро рад мекунад, ҳамонвақт тухми низоъ кошта мешавад. Ин раванд одатан бо таблиғоти пинҳонӣ, таҳрифи мафҳумҳои динӣ ё сиёсӣ ва истифодаи эҳсосоти ҷавонон сурат мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба мо ҷавонон таъкид мекунад, ки “Терроризм ва экстремизм душмани сулҳу субот ва амнияти ҷомеа мебошанд”, “Мо бояд ҷавононро аз таъсири гурӯҳҳои ифротгаро эмин нигоҳ дорем”, “Мубориза бар зидди терроризм вазифаи ҳар як шаҳрванд аст”, “Танҳо бо ваҳдат, дониш ва фарҳанг метавонем пеши роҳи ин хатари ҷаҳониро гирем”.
Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид мекунад, ки “Ҷавонон бояд ба илм рӯ оваранд”, “Фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд”, “Ватани худро дӯст доранд ва ҳифз намоянд” ва “Зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд” ва ҳамзамон қайд мекунаНд, ки баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, махсусан дар байни ҷавонон, барои ҳифзи сулҳу субот хеле муҳим аст.
“Зиракии сиёсӣ” — маънои онро дорад, ки шахс: воқеаҳои сиёсиро дуруст фаҳмад, ҳақиқату дурӯғро фарқ карда тавонад, ба ҳар гуна таблиғот зуд бовар накунад, манфиати давлат ва ҷомеаро дарк кунад то, ки ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузорад.
Хулоса терроризм ва экстремизм танҳо марг нест. Он бовариро мекушад. Он дӯстиро байни миллатҳо коста мекунад. Он модареро мегирёнад, кӯдакеро ятим мекунад, ҷомеаро ба тарс одат медиҳад. Ин хатар ором-ором паҳн мешавад – мисли заҳре, ки дида намешавад, вале таъсири бениҳоят манфӣ дорад.
Ҳасанов Айниддин Мазҳаридинович Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ванҷи
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Суди ноҳияи Ванҷ 