АҲАМИЯТИ МАҶЛИСҲОИ САЙЁРИ СУДӢ

 

Санаи 11 – уми феврали соли 2026  дар бинои МТМУ № 18 – деҳаи Роғи Ҷамоати деҳоти М. Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ чор адад  парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”  нисбати чор нафар ҳуқуқвайронкунанда, барои аз тарафи падару модар, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад назорат накардани кӯдак, ки боиси аз ҷониби ӯ истифода бурдани зӯроварӣ  нисбат ба дигар шахсон мегардад,  ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят бо моддаи 90 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳадафи асосӣ аз баррасӣ намудани  парвандаҳо дар маҷлисҳои сайёри судӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ ва дар оянда роҳ надодан ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.

Зимни қабули санадӣ судӣ ҳамаи тарафҳои ба парванда дахлдошта, аз ҷумла шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо ба инобат гирифта шуда, ба ҳар як ҳуқуқвайронкунанда тибқи талаботи моддаи дахлдори Кодекси мазкур ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шуд.

Аҳамияти маҷлисҳои сайёри судӣ дар он аст, ки  хусусияти пешгирикунанда дошта, шаҳрвандон бевосита шоҳиди раванди баррасии парвандаҳо дар назди аҳли ҷомеа буда ва ин ҳама боиси он мегардад, ки шаҳрвандон ба риояи қонун ҷиддитар муносибат намуда, сатҳи қонунвайронкунӣ коҳиш меёбад ва эҳтиром ба қонун ва риояи ҳатмии он афзун мегардад.

Баргузории маҷлисҳои сайёри судӣ воситаи муҳими тарбияи ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд мусоидат мекунад.

 

Асозода Дилноза Меҳроб               раиси суди ноҳияи Ванҷ