ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РОҲНАМОИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар таърихи 11 – уми феврали соли 2026 раиси суди ноҳияи Ванҷи ВМКБ Асозода Д.М.  вобаста ба таҳлили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  16 – уми декабри соли 2025 бо омӯзгорону хонандагони МТМУ №18, инчунин истиқоматкунандагони деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷ вохӯрӣ ва сӯҳбат гузаронид. Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола ҳамчун санади муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлату ҷомеаро муайян мекунад. Паёми соли 2025 низ идомаи мантиқи сиёсати созанда ва дурнамои равшани пешрафти Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар  Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба масъалаҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки пешрафти кишвар танҳо дар заминаи меҳнати софдилона, истифодаи самараноки захираҳо ва ҳисси баланди масъулиятшиносии шаҳрвандон имконпазир аст. Яке аз самтҳои калидии Паём соҳаи маориф ва тарбиияи насли наврас мебошад. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки маориф пояи асосии давлат аст ва бе тарбияи насли навраси соҳибкасб ва ватандӯст пешрафти ҷомеа ғайриимкон мебошад. Дар ин замина баланд бардоштани мақоми омӯзгор, такмили сифати таълим ва тарбияи ахлоқиву ҳуқуқии ҷавонон вазифаи муҳим арзёбӣ карда шуд.

Зикр карда, шуд, ки дар Паём инчунин ба масъалаи ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуда, зеро ҷавонон ҳамчун неруи асосии созандаи ҷомеа муаррифӣ гардида, зарурати шароити мусоид овардан барои таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти созандаи онҳо мебошад.

Пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тарбияи ҷавонон яке аз ҳадафҳои муҳим дониста шуда,  риояи қонун эҳтиром ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун шарти асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёд арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ  раиси суди ноҳияи Ванҷ Асозода Д.С. қайд намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 – уми декабри соли 2025 на танҳо ҷамъбасти дастовардҳо, балки барномаи аввали рушд барои солҳои минбаъда мебошад. Иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, танҳо бо ҳамкории давлат ва ҷомеа метавон ба рушди устувор ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ноил гардид.

 

Искандаров Шуҳрат Хушвахтович                  котиби судии суди ноҳияи Ванҷ