БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ




Санаи 24 – уми декабри соли 2025 дар деҳаи Жамаги ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ҳафт адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳафт нафар зан барои ба роҳ мондани таълимоти ғайрирасмии динӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ бо моддаи 474 (2) қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ошкорои сайёри судӣ баррасӣ карда шуданд.
Баррасии чунин категорияи парвандаҳо дар маҷлиси сайёри судӣ бо мақсади таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо баргузор карда шуд.
Ҳангоми қабули санадӣ судӣ тамоми ҳолатҳои ба парванда аҳамиятдошта, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо ба инобат гирифта шуда, ба ҳар як ҳуқуқвайронкунанда дар доираи талаботи қонун ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шуд.
Маҷлисҳои сайёри судӣ аҳамияти тарбиявию пешгирикунанда дошта, ба таҳкими эҳтироми шаҳрвандон ба риояи қонун, баланд бардоштани ҳисси масъулият ва коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд.
Баъди баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бо ҷавонону фаъолон ва кормандони Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ вохурӯ баргузор шуда, қайд карда шуд, ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ буда, зарур аст, ки шаҳрвандон махсусан наврасону ҷавонон истифодаи дурусти интернетро омӯхта, ба маводҳои шубҳанок бовар накунанд. Пешгирии экстремизм танҳо вазифаи мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ набуда, ин раванд ҳамкории зичи давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васитаи ахбори оммаро талаб намуда, аз ҳар як шаҳрванд масъулият ва эҳтиром ба қонунро тақозо менамояд. Танҳо бо роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамкории ҷомеа метавонем аз паҳншавии ғояҳои ифротӣ ҷилавгирӣ намоем ва сулҳу суботи кишварро ҳифз намоем. Инчунин вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба самъи ҳозирин расонида шуд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модар ӯҳдадоранд, ки ба фарзанд таҳсил ва тарбияи дуруст фароҳам оваранд, рафтори онҳоро назорат кунанд, аз ҷалб шудани фарзандон ба кирдорҳои зиддиқонунӣ пешгирӣ намоянд, исрофкорӣ ва зоҳирпарастиро аз байн баранд ва эҳтиром ба қонун, ахлоқ ва арзишҳои миллиро риоя намоянд. Танҳо бо ҳисси баланди масъулият, маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба қонун метавонем ояндаи дурахшони фарзандон ва ҷомеаро таъмин намоем.
Пирумшозода Бахтиёр Улфатшо судяи суди ноҳияи Ванҷ
Суди ноҳияи Ванҷ 